№ | Л О И Ҳ А Ҳ О |
1 | Лоиҳа: Ҷузъи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони миллали муттаҳид «Нури рӯшноӣ» барои беҳтар намудани сифат, дастрасӣ ва истифодаи хизматрасониҳои оид ба хушунат нисбати занон ва духтарон (ХНЗД) барои занон ва духтарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ (ЗДДИМҶ) дар 6 ноҳияи мақсадноки Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳадаф: Баланд бардоштани иқтидор ва захираҳои муассисаҳои асосии хизматрасонӣ - хадамоти ташхисисудии тиббӣ ва 6 ташкилоти ҷамъиятӣ барои расонидани хидматҳои босифат ва ҳамоҳангшудаи ногузир, инчунин дастрасӣ ба адолат барои занон ва духтарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, ки зӯровариро паси сар карданд, хусусан онҳое, ки бо шаклҳои гуногун ва ҳамбастаи табъиз дучор меоянд.
Маблағгузор: СММ Занон
Давраи иҷроиш: аз 01 апрели соли 2022 то 30 сентябри соли 2022 |
2 | Лоиҳаи "Мо зери як офтобем" Мақсад: Паст кардани таъсири манфии сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бемории ҳамагири коронавирус тавассути гузаронидани корҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз усулҳои ҷадид, ки ба фароҳам овардани муҳити мусоиди иҷтимоӣ, ки доғгузорӣ ва табъизи шахсони бо ВНМО зиндаги кунандаро истисно мекунад, равона шудааст. Вазифаҳо: 1. Баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ оид ба сирояти ВНМО бо истифода аз равишҳои ҷадид, инчунин фароҳам овардани муҳити иҷтимоӣ, ки табъиз ва доғгузориро нисбат ба ШВЗ истисно мекунад. 2. Таҳияи дастурамал баҳри таъмини муносибати ҳамаҷонибаи байнисоҳавии расонидани ёрии тиббӣ ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар шароити паҳнашавии сирояти коронавируси COVID-19. Маблағгузор: Gilead Sciences Inc. Давраи иҷроиш: 11 апрели соли 2022 то 11 апрели соли 2023
|
3 | Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (USAID ETICA) Мақсад: Паст кардани фишори бемории сил дар Осиёи Марказӣ тавассути бунёди зарфияти маҳаллӣ ва минтақавӣ ҷиҳати беҳтар кардани ташхис ва табобати бемории сили ба дору устувор (DR-TB) Вазифаҳо: 1.Беҳтар намудани ташхиси бемории сил ва бемории сили ба дору устувор; 2.Баланд бардоштани самаранокии табобати бемории сил ва ҳамаи намуди бемории сили ба дору устувор. Маблағгузор: Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Давраи иҷроиши: Аз 09 октябри соли 2019 то 07 июни соли 2024. |
4 | Лоиҳаи «Тақвияти хадамоти тавонбахшӣ дар системаи тандурустӣ» Мақсадҳои лоиҳа: Хизматрасониҳои маҷмӯии мустақар/системаҳо тавассути муносибатҳои шарикӣва ҳамкориҳо бо ҷонибҳои манфиатдор коркардшуда. Тавсеаи дастрасӣба хизматрасониҳои сифатноки тавонбахшӣ, аз ҷумла ба технологияҳои ёрирасон/ассистивӣбарои зиндамондагони муноқишаҳо, инчунин дигар шахсони ниёзманд ба чунин хизматрасониҳо. Вазифаҳо: 1. Дастгирии таҳияи асосҳои сиёсати тавонбахшӣ бо роҳи пилотикунонии протоколҳо ва кӯмак ба ҷалби ҷонибҳои манфиатдор. 1.1.Мустаҳкамкунии иқтидори кадрии тавонбахшӣ бо роҳи дастгирии ислоҳоти омӯзиш дар Украина ва Тоҷикистон. 2. Таъсиси талабот ба хизматрасониҳои тавонбахшӣ. 2.1.Таъсиси шабакаҳои бозирсол ба хадамотҳои тавонбахшӣ/технологияҳои ёрирасон/ассистивӣ. Маблағгузор: Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқии USAID Давраи иҷроиши: Аз 1 октябр 2019 с. то 30 июн 2022 с. |
5 | Лоиҳаи «Пурзӯркунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ ва табобатӣ барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мақсад: Беҳтар кардани ташхиси ВНМО, дарёфти сироятёфтагони ВНМО ва беморони сил, инчунин фарогирии бештари шахсони истеъмолкунандагони маводи мухаддири тазриқӣ (ШИМТ) бо табобати зиддиретровирусӣ бо истифодаи роҳу усулҳои ҷадид. Вазифаҳо: • Зиёд кардани ташхиси ВНМО ва дарёфти сироятёфтагони ВНМО дар байни ШИМТ. • Афзоиши фарогирии ҳамаи шахсони сироятёфтаи ВНМО бо табобати зиддиретровирусӣ дар асоси "Аз ташхис гузар, Табобат намо". • Беҳтар кардани дастрасӣ ба барномаҳои пешгирикунанда – барномаи кам кардни зарар, мубодилаи сӯзандоруҳо ва барномаи пешниҳоди хизматрасониҳои пастостона. • Паҳн кардани маводи иттилоотии мувофиқшуда оид ба пешгирии ВНМО ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар байни ШИМТ, ки дар доираи лоиҳа бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд. • Расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба ШИМТ /ШВЗ (шахсони бо ВНМО зиндагикунанда) • Зиёд кардани дарёфти бемории сил дар байни гуруҳҳои асосӣ ва осебпазири аҳолӣ. Маблағгузор: Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Давраи иҷроиш: Аз 01 марти соли 2021 то 31 августи соли 2022. |
![]() | USD | 10.57 | TJS | ![]() |
![]() | EUR | 11.17 | TJS | ![]() |
![]() | RUB | 0.18 | TJS | ![]() |