Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди вобастаги аз нашъаманди

Ассалом. Ман мехостам як чизро фаҳмам. Тӯли чанд сол мешавад, ки дар руйхати нашъамандони тазриқӣ ҳастам ва метадон истифода мебарам. Ҳар субҳ дар поликлиника 60мг. Чӣ хел табобат кардан мумкин? Оё дар ин муддат ман метавонам ба ягон бемории ҷиддӣ гирифтор шавам. На кам аз 6 сол мешавад ва оқибати кор чӣ мешуда бошад? Илтимос ҷавоб дихед. Инҳо барои кӣ кор мекунанд ва чӣ ният доранд, ки ин қадар одама дар руйхат мегиранду метадон медиҳанд? Илтимос ҷавоб гӯед. Пешакӣ раҳмат.

Ассалом, аз истеъмоли метадон ва ба итмом расонидани он ба ягон беморӣ гирифтор намешавед. Чунки метадон ҳамчун маводи доруворӣ буда, барои табобати вобастагии афюнӣ таъйин шудааст. Мақсади табобат бо метадон – мўътадил намудани ҳолат, паст намудани майл ба истеъмоли героин ва дигар афюнҳои кӯчагӣ буда, барои вазъи ҳаёти шуморо мӯътадил намудан ва ба он тағйиротҳои мусбӣ ворид намудан мебошад. Мақсади асосии ба метадон ҷалб намудани истифодабарандагони маводи мухаддири тазриқӣ ин пешгирии паҳншавии бемориҳои мавқеи иҷтимоидошта ба мисоли ВНМО/БПНМ, гепатитҳо, САҶИ дар байни гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ мебошад.Шумо бояд бо нарколог ҳамкорӣ намуда, бо тавсияи он истеъмоли метадонро аз 60мг кам карда дар давоми 3-4 моҳ ба 5мг расонед ва ба осонӣ аз истеъмоли метадон бароед. Боқӣ аз иродаи Шумо вобастагӣ дорад.

Бо эҳтиром, Зубайд Раҳимов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

24.09.2021
USDUSD11.32TJSTJS
EUREUR13.27TJSTJS
RUBRUB0.16TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 2002
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 459
    Оиди бемории сил
  • 703
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 402
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 774
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 338
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 379
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2021 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov