Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом алейкум, ака. Ман оид ба ваксинаи ҳамин ВИЧ ба ин сайт даромадам. Ваксинае, ки дар одамон ҳамон вирусро кушта ва ё консентратсияашро паст карда, да ҳамин мо укол мекунанд... Чӣ хеле ки бисёр вирусҳо дар гармӣ мемуранд, аз ҷумла, ВИЧ, намешавад, ки ҳамин хуне, ки гирифтори ВИЧ аст, намедонам аз ягон аппарат ё дар гармиии 60-70°с монда, кушанд. Баъд вирусро дар микроскоп дида, аниқ намоянд, ки ҳамон ВИЧ мурдаст ё не. Пас вируси ВИЧ-и дар гармӣ мурдагиро гирифта, боз об карда, тавассути ягон аппарати дигар ба ягон ҳайвон гузаронида, санҷанд. Шояд ин гапи хато бошад. Чӣ фикр доред оид ба ҳамин гапи ман, ака???

Салом,

Нисбат ба дарёфти ваксина бар зидди бемории ВНМО дар ҷаҳон аз ҷониби олимон бениҳоят корҳои васеъ ба роҳ монда шудаанд, аммо мутаассифона дар ин самт муваффақиятҳои назаррас то ҳол пайдо нашудаанд.

Оид ба пешниҳодҳои Шумо гуфтан мумкин аст, ки ин вирус натанҳо дар хун аст, балки дар ҳама узвҳое, ки ҳуҷайраҳои иммунӣ дар онҳо ҳастанд, метавонад вуҷуд дошта бошад. Аз ин лиҳоз, тоза намудани як хун дар ин ҷода роҳи ҳалли масъала шуда наметавонад. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов
(духтури сироятшинос)


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

15.08.2022
USDUSD10.26TJSTJS
EUREUR10.47TJSTJS
RUBRUB0.16TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 2139
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 488
    Оиди бемории сил
  • 724
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 407
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 808
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 352
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 435
    Оиди бемориҳои занона
  • 14
    Оиди равоншиносӣ
  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2022 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov