Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом. Антисептик ВНМО-ро нобуд мекунад? Вақте назди стаматолог рафтам, амбӯрашро бо антисептик тоза кард. Дар ин бора чӣ мегӯед, акои Умед? Оё ҳамин стаматологон боиси бисёр сироятшавии ВНМО намешаванд?

Ассалому алайкум.

Антисептикҳо таъсироти гуногун доранд, аз ин лиҳоз якмаъно гуфтан мумкин нест, ки антисептикхо ҳама намуд микробу вирусҳоро несту нобуд месозад. Ҳолате, ки Шумо мегӯед, бояд чунин набошад. Ҳамаи асбобҳои стоматологӣ пеш аз ба дигар нафар истифода намудан, бояд безараргардонии махсусро гузаранд. Баъдан, пеш аз ба мизоҷ истифода бурдан, агар боз як бори дигар бо антисептике безарар гардонад, аз фоида дур нест.  Аз ин лиҳоз, маълум нест, ки пеш аз бо антисептик тоза намудан он асбоб махсус безараргардонида шудааст ё на. Фикр мекунам, ки безараргардонии махсус шудааст ва духтур дар назди Шумо онро боз иловатан бо антисептик тоза намудааст, аммо мумкин Шумо ин корро нодуруст пай бурдаед. Агар аз духтур мепурсидед, ӯ бароятон албатта ин ҳолатро равшан мегардонид. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

14.05.2021
USDUSD11.32TJSTJS
EUREUR13.71TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1899
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 430
    Оиди бемории сил
  • 686
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 402
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 755
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 333
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 358
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2021 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov