Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди САҶИ ва бемории пуст

Салом Алейкум. Ду моҳ мешавад, дар узви мардонагиям доначаҳои сурх пайдо шудааст ва бисёр мехорад, дар дастону пойҳоям низ пайдо шудааст. Ин аз чи сабаб мебошад? Табобат дорад?

Салом! Пайдошавиии доначаҳои сурхи бо хориш дар пӯсти дастону пой ва узви мардинагӣ метавонад,ки аз ҳисоби хоришак ё аллергия ба амал ояд.Ин бемориҳо табобати хоси худро доранд. Аз инрӯ Шуморо мебояд, ки ба назди мутахассис равед, барои ташхиси дуруст ва табобати пурра, аз рӯи тавсияи додаи ӯ амал кардан лозим меояд, чунки ҳангоми табобати нодуруст ба оризаҳои он дучор шудан мумкин аст. Шумо дар шаҳри Душанбе бошед метавонед, ки ба МШБПЗ (дар Яккачинор) муроҷиат намоед.

Бо эҳтиром,

табиб Разоқов Ҳ.О.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

Аксҳо

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2022 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.