Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Доктор, аз шумо пурсидани будам, ки дар ҳолати асабонӣ буданам, чӣ кор кунам, ки хашмам паст шавад? Рости гап, вақтҳои охир зуд-зуд меранҷам. Медонед, мисли аланга дар мегирам. Дар ин маврид, ба ман чӣ тавсия медиҳед, то худамро ором кунам?

Салом.

Барои бартараф намудани асабоният аз маслиҳатҳои зерин истифода баред:

 1. Бояд чуқур нафас кашед, нафасро каме дар худ нигоҳ дошта, баъдан онро бароред. Ин машқро 3-5 дақиқа иҷро кунед. Чунин машқ барои аз фикрҳои нолозим халос шудан, кӯмак мекунад. 

2. Ба таври навбатӣ гуруҳҳои гуногуни мушакҳои баданро таранг кунед ва сипас мулоиму ором кунед: аз рӯй то ангуштони пой.  Ин машқ барои зуд ором шудан ва бартарафкунии стресс кӯмак мекунад.

3. Фикрҳои худро нависед. Вақте ки шумо гап зада наметавонед, фикрҳои ғамгинро ба коғаз гузаронед, - ин барои ором шудан кӯмак мекунад.
4. Машқ ва сайругашт дар табиат стрессро то андозае бартараф мекунад ва асабҳоро ором мекунад. Инро мунтазам, ҳадди ақал 2-3 маротиба дар як ҳафта анҷом диҳед.

5. Бо касе сӯҳбат кунед. Хусусан, бо шахсоне, ки аз як чизи монанд гузашта бошанд, асабонии шуморо коҳиш медиҳанд ва шумо худро беҳтар ҳис мекунед.
 

Бо эҳтиром,

Ҷӯраева Ризвон (равоншинос)

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

Аксҳо

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2022 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.