Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

Салом алейкум мӯҳтарам табибон мехостам ба якчанд саволам ҷавоб диҳед. 1. Агар, шахс гепатити С дошта бошад метавонад оила барпо кунад? 2. Оё гепатити С баъд аз муолиҷа пурра аз организм гум мешавад. Агар пурра муоилаҷа шавад дар давоми ҳаёт ба саломатии инсон ягон зарар дорад ё не? 3. Мо 6 нафар дӯстон дар як квартира зиндагӣ мекунем яке аз онҳо дорои гепатити С мебошад оё ин ба мо хатар дорад. Эҳтимолӣ ба мо гузаштанаш ҳаст?

Салом.

  1. Бале, бо гепатити С имконияти оила барпо кардан вуҷуд дорад.
  2. Бале, метавонад пурра гум шавад ва дар ин ҳолат ба организми инсон зарар нарасонад.
  3. Хатари сироятшавӣ ба гепатити С дар ҳолати тамос бо хун ва алоқаи ҷинсӣ пайдо мешавад. Бидуни ин ҳолатҳо, хатари сироятшавӣ вуҷуд надорад ва бо шахси гирифтори гепатити С дар як хоназиндагӣ намудан хатаре надорад.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2023 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.