Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

Салом алейкум. Оё кашидани сигор ва ё чилим (калян) ба шахсоне, ки гирифтори Гепатити B ҳастанд, мумкин аст? Бигӯед, ки зарари онҳо ба саломатӣ зиёд аст?

Салом!

Ҳама гуна моддаҳои хоҳ фоиданок ва хоҳ зарарнок, ки ба организми одам ворид мегарданд, тавассути ҷигар гузашта, безарар гардонида мешаванд. Дуди чилим (калян) низ аз моддаҳое мебошад, ки зарари зиёд дорад ва дар навбати худ метавонад ба ҷигар низ таъсири манфии худро расонад. Албатта ин дуд зиёдтар ба узвҳои нафаскашӣ зарар мерасонад, аммо ҷигар низ дар безараргардонии ин моддаҳо фаъолона иштирок менамояд ва метавонад осеб бинад. Илова бар ин, агар шахс гирифтори Гепатит бошад, пас ҷигар дар чунин ҳолатҳо зарари бештар мебинад. 

Барои маълумоти бештар ба истинодҳои зерин нигаредhttps://rnd.med.cap.ru/shkoli-zdorovjya/statji-na-medicinskie-temi/kurenie-i-pechenj, http://cgon.rospotrebnadzor.ru/content/62/3807.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов
(духтури сироятшинос)


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

Аксҳо

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2022 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.