Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Пас аз таваллуд ихроҷҳо ранги ҷигарӣ дошта, бӯи ногувор пайдо кардааст. Чӣ хел свеча таъин мекунад?

Ассалом алейкум!

Агар ихроҷҳо бӯи ногувор пайдо карда бошад - ин метавонад ба рушди раванди илтиҳобӣ дар маҳбал ё дар бачадон ишора кунад. Дар давраи баъди таваллуд дар таркиби аксарияти гуруҳҳои бактерияҳо, аз ҷумла, бактероидҳо, эшерихияҳо, стрептококкҳо, стафилококкҳо хеле зиёд мешаванд. Эҳтимол, ҳамаи ин намудҳо метавонанд сабаби бемориҳои сироятии пас аз таваллуд шаванд. Мушкилоти маъмул барои занон пас аз таваллуд ин инкишофи вагинози бактериявӣ мебошад. Вагинози бактериалӣ як патологияи экосистемаи маҳбал аст, ки дар натиҷаи афзоиши бактерияҳои асосан анаэробӣ (яъне бактерияҳое, ки дар муҳити бе оксиген ба воя мерасанд), ки дар давраи пас аз таваллуд дар маҳбали зан фаъолона паҳн мешаванд ва метавонанд патогенҳои эндометритӣ пас аз таваллуд бошанд.

          Табобати вагинози бактериявӣ дар давраи баъди таваллуд бо доруҳои маҳаллӣ гузаронида мешавад. Табобат пас аз гирифтани молишак аз маҳбал бояд аз ҷониби духтури минтақавиатон таъин карда шавад.

Бо эҳтиром,

Вероника Мелникова


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

Аксҳо

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2022 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.