Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Кормандони иҷтимоӣ ва аутрич дар Хатлон малакаҳои кӯмаки иҷтимоии худро ҳангоми бемории сил такмил медиҳанд

logo gf           gerb                   logoafifPNG                       logo undp 0

 

3-4 ва 10-11 феврали соли 2022 дар шаҳри Бохтар Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» барои кормандони иҷтимоӣ ва аутрич дар вилояти Хатлон ду тренинг дар мавзӯъҳои «Дастгирии иҷтимоии бемории сил» ва «Сил, пешгирӣ, дарёфт, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ» баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Пурзӯркунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ ва табобатӣ барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо дастгирии молиявии Барномаи рушди СММ-Тоҷикистон сурат гирифт, ки мақсади асосии он омӯзонидани кормандони аутрич ва иҷтимоии лоиҳа оид ба дарёфти фаъолонаи ҳама шаклҳои бемории сил ва такмил додани малакаҳои расонидани дастгирӣ дар доираи барномаи кӯмаки иҷтимоии ҳангоми бемории сил мебошад.

Дар тренингҳо мутахассиси Барномаи БРСММ-Тоҷикистон Сайёра Зиёева, директори Маркази ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил дар шаҳри Бохтар Саидаҳмад Раҷабов ва менеҷери лоиҳаи ТҶҶ «Афиф» Саодат Орипова ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои асосии роҳҳои интиқол ва пешгирии бемории сил, вазъи бемории сил ва сили ба дорувор устувор дар кишвар, модулҳо ва алгоритмҳои нави дарёфт кардани бемории сил, усули ба бемор нигаронидашуда, усулҳои дастгирии равонию иҷтимоӣ барои бемори сил, ҷалби мизоҷон ба барнома ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонӣ барои одамони гирифтори бемории сил маълумот доданд.

 GF-10 training2 GF-10 training1

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

Аксҳо

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2022 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.