Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

ТҶҶ "Афиф" баҳри баланд бардоштани малакаи кормандони тиб дар низоми ислоҳӣ омӯзишҳои хурд мегузаронад

logoosi                                 gerb                            logoafifPNG

  

Аз 23 июни соли 2021 ТҶҶ “Афиф” барои кормандони тиббӣ ва ғайритиббии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ силсилаи омӯзишҳои хурдро дар мавзӯи "Паст кардани сатҳи доғгузориву табъиз ва таъмини ҳуқуқҳои маҳкумшудагон барои гирифтани хизматрасонии асосии тиббӣ дар шароити ҳабс" баргузор менамояд.

         Чорабиниҳои омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори хадамоти тиббии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташхиси саривақтӣ ва ёрии тиббии босифат ба маҳкумшудагон» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунёди Мадад дар Тоҷикистон”  то 6 октябри соли ҷорӣ гузаронида мешаванд. Ҳадафи аслии ин лоиҳа кумак ба таҳкими минбаъдаи иқтидори хадамоти тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонидани ёрии саривақтӣ ва босифати тиббӣ, инчунин таъмини дастрасии баробар ба хадамоти тиббӣ ба маҳкумшудагон мебошад.

minitren pcMT at PS

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

23.09.2021
USDUSD11.32TJSTJS
EUREUR13.27TJSTJS
RUBRUB0.16TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 2002
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 459
    Оиди бемории сил
  • 703
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 402
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 774
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 338
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 379
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2021 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov