Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Аз 17 то 20 декабри соли 2019, дар шаҳри Душанбе, тренинги "Курс оид ба пешгирии мушкилотҳо оид ба маводи мухаддир ва ВНМО" баргузор гардид

              ИЧК                             gerb                                      afif

 

1OSITR.taj     Аз 17 то 20 декабри соли 2019, дар шаҳри Душанбе, тренинги "Курс оид ба пешгирии мушкилотҳо оид ба маводи мухаддир ва ВНМО" баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби ТҶҶ «Aфиф» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Ба чорабинии мазкур намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Хуҷанд ва НТҶ даъват карда шудаанд.

2OSITR.taj   Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён бо бандҳои асосии Дастурамал оид ба тартиби амалигардонии пешгирии вируси норасоии масунияти одам дар байни ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ кор мекунанд, шинос шуда, дониши худро дар бораи намудҳои маводи мухаддир, моддаҳои психоактивӣ, хусусиятҳои истифодаи моддахои психоактивӣ ва нашъамандӣ, усулҳои равона кардани гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро барои дастрас намудани хизматрасониҳои дасрхостшуда беҳтар намуданд, ва инчунин малакаҳои суханронии оммавӣ оид ба пешгирии ВНМО ва истеъмоли маводи мухаддирро инкишоф доданд.

3OSITR.taj     "Дар тренинги имрӯза ман фаҳмидам, ки чӣ тавр бо гурӯҳҳои осебпазир муошират кардан лозим аст ва ҳангоми муошират бо истеъмолкунандагони маводи мухаддир ё одамони бо ВНМО сироятёфта усулҳои дурустро истифода бурдан мумкин аст"  - нақл намуд яке аз иштирокчӣ.

    “Ман фаҳмидам, ки барои тағйири минбаъдаи рафтор ва беҳтар кардани зиндагии гурӯҳҳои осёбпазир сӯҳбат гузаронидан зарур аст. Бояд бо ҳама одамон, новобаста аз вазъи саломатиашон, хоҳ истеъмолкунандагони маводи мухаддир ва ё шахси бо ВНМО зиндагикунанда бошад, эҳтиёткорона ва дуруст муносибат кардан лозим аст», -  фикри худро баён намуд иштирокчии дигар.

4OSITR.taj    Тренинг дар доираи лоихаи "Дастгирии ташаббусҳо баҳри беҳтар намудани сиёсати миллӣ оид ба маводи мухаддир", ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон” маблағгузорӣ карда мешавад, гузаронида шуд.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

14.07.2020
USDUSD10.31TJSTJS
EUREUR11.69TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1760
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 385
    Оиди бемории сил
  • 662
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 398
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 267
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2020 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov