![]() Ибрагимов Икрам | Директори ТҶҶ "Афиф"
Шиори ӯ дар зиндагӣ ва кор: "Ҳеҷ коре накун, ки боиси сархамӣ гардад, худро эҳтиром намо" Дорои тамоми сифатҳое мебошад, ки ба роҳбари хуб лозим аст. Сарварӣ дар ниҳоди ӯст. Аз хурдӣ дар байни ҳамсолон ва дӯстони худ пешво буд. Зирак ва оқил, ҳазли нозук дорад. Одилу обрӯманд, меҳрубон ва дар айни замон хеле сахтгир аст. Аз кормандон интизоми қатъӣ ва риояи бечунучарои ӯҳдадории вазифавиашонро талаб мекунад. Ҳамеша кормандонро ба пешравӣ ва рушд талқин месозад. Агар вазъияти душвор ба миён ояд, аз рӯи мақоли: "Ҳафт бор чен кун, як бор бур" амал мекунад. Вазъро пурра таҳлил намуда баъд ба як қарор меояд. Барои расидан ба мақсади пешгузошта мекӯшад ва барои ин тамоми иқтидори худро истифода мебарад. Барои Икром ҳайати кормандони ТҶҶ “Афиф” оилаи ӯст, оила бошад, давлату сарвати ӯст. Дар инсонҳо ростқавлӣ, одоб ва хоксориро қадр мекунад, аммо бемасъулиятӣ, дурӯғ, ҳасад ва кунҷковии носолими дигаронро таҳаммул карда наметавонад. Икром футболбози хуб аст, зеро ин шуғли дӯстдоштаи ӯст. Арзишҳои ҳаётӣ барои ӯ муҳаббат, рушд ва худшиносӣ аст. Мисли ҳамаи одамони рӯи замин хушбахт будан мехоҳад. Хушбахтӣ барои ӯ аз зиндагӣ комёб будан аст. |
![]() Давлятова Зарина | Ҳамоҳангсоз оиди рушди барномавӣ
Зарина кӯшиш мекунад, ки бо одамон аз сидқи дил, самимона ва эҳтиромона муносибат кунад. Ӯ ҳамеша ба ҳама ёрӣ медиҳад - дар сухан ва амал. Дурӯғгӯи ва дурӯягиро дӯст намедорад. Зарина боварӣ дорад, ки дар ҳама ҳолатҳо ҳалли мушкилиро дарёфт кардан мумкин аст. Зарина ду фарзанди зебо дорад. Ӯ ба онҳо меҳрубона муносибат намуда, ҳамеша дар бораи онҳо ғамхорӣ мекунад ва ба ҳамаи мушкилоти онҳо кӯмак мерасонад. |
![]() Хаирова Жанна | Менеҷери молиявӣ
Жанна Афифро, ки ҳамеша бо одамони зебо пур аст, хонаи худ меҳисобад. Ӯ бо ҳамкасбон муомилаи боваринок ва ҳамдигарфаҳмӣ дорад. Жанна модари се духтари зебо мебошад. Жанна шиноварӣ ва пиёдагардиро дӯст медорад. |
![]() Норматова Фируза | Мутахассиси молиявӣ/хазиначӣ
Ҳар рӯз, новобаста аз мавсими сол ва ҳаво, барои Фируза зебо мебошад. Чунин назари мусбат ба дунё ба ӯ кӯмак мерасонад, ки бо душвориҳои зиндагӣ мубориза барад. Ҳамаи вақти холии худро ба писараш мебахшад. Фируза орзу дорад, ки бо писари худ ба саёҳати даври олам равад танҳо модар, балки дӯсти наздиктарин шавад. Ба рушди зеҳнии фарзандони худ диққат и зиёд медиҳад. Бо варзиш машғул аст ва пиёдагардиро дӯст медорад. |
![]() Алмухамедова Олга | Менеҷери идоравӣ
Ольга ду писарро ба воя расонида, ба онҳо тавонист ҳисси эҳтироми калонсолро тарбия намояд. Ӯ филмҳои илмию оммафҳам ва аҷоибро дӯст дорад. |
![]() Орипова Саодат | Ҳамоҳангсози барномавӣ оиди таълим
Рӯзи беҳтаринро дар ҳаёти худ он рӯзеро ҳисоб менамояд, ки вақте ки бо ҳамсари ояндааш вомехӯрад, ки бо ӯ се духтари зеборо тарбия намудааст. Ӯ ба хондан шавқи зиёд дошта, дар шаҳр пиёдагардиро дӯст медорад. |
Сатторов Сиёвуш | Менеҷери молиявии лоиҳаи USAID LON Шиори ӯ: "Талабгорони рангинкамон бояд ба борон тоб оранд" Меҳнатдӯст ва матину қавиирода. Ҳамеша бодиққат кор мекунад, то ба хатогиҳо роҳ надиҳад. Уҳдадориҳои вазифавии худ, инчунин супоришҳои роҳбариятро саривақт иҷро мекунад. Барои Сиёвуш кормандони ТҶҶ "Афиф" мисли оилаи дуввуми ӯ ҳастанд. Бо кормандон хушмуомила аст, ба осонӣ забон меёбад. Ба андешаи ӯ, чунин хислатҳои инсонӣ аз қабили ростқавлӣ, вафодорӣ, меҳрубонӣ, меҳнатдӯстӣ ва хушмуомилагӣ одамро зеб медиҳанд, дурӯягӣ ва хасисӣ шаъну шарафи инсонро паст мезананд. Барои Сиёвуш оила азизтарин неъмати ҳаёти ӯст ва барои ин ба Худованд шукр мегӯяд. Бо ҳамсараш ду писарчаи дӯстрӯро ба воя мерасонанд ва мехоҳанд, ки соҳиби духтарчаи зебо низ бошанд. Ӯ инчунин аз ҳастии модараш, ки дӯсти наздики ӯст ва ба ӯ маслиҳатҳои пурарзиши ҳаётӣ медиҳад, шукрона мекунад. Мақсади Сиёвуш дар зиндагӣ ин аст: Ҳамеша зиндагии шоиста доштан ва аз чизе мутаассиф набудан. |
![]() Ахмедов Улуғбек | Мутахассиси лоиҳа
Улугбек вақти холии худро ба оила, дӯстони содиқ ва ободонии муҳити зист сарф мекунад. |
Убайдуллоева Taҳмина | Мутахассис оид ба робита бо ҷомеа Шиори ӯ: " Имрӯз бизӣ, бо умед ба оянда ва сабақ аз гузашта" Таҳмина хоксор ва меҳрубон аст. Ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва супоришҳои роҳбариятро бо масъулияти том иҷро мекунад. Кори худро дӯст медорад. Омӯзиши чизҳои нав барои ӯ ҳамеша ҷолиб аст. Ӯ ҳассос аст ва бо ин хислаташ аз дигарон фарқ дорад. Ҳамаи хислатҳои неки инсониро дар дигарон қадр мекунад, аммо дурӯягӣ ва дағалиро таҳаммул намесозад. Ҳамроҳи шавҳараш ду писари дугоникро ба воя мерасонад.Фарзандонаш барои ӯ маънии зиндагиянд. Агар вақти холӣ ёбад, ҳикояҳо ва афсонаҳо эҷод мекунад, инчунин бо тарҷумаи осори адабӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ ба тоҷикӣ машғул мешавад. Орзу дорад, ки ҳама одамон дар дунё дар фазои сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунанд. |
Абдурозиқов Азамат
| Ронанда/логист Шиори ӯ: “Ҳар корро то ба охир анҷом бояд дод” Одатан Азамат барин нафаронро чунин тавсиф мекунанд: инсони хуб. Ӯ хоксор, оромтабиат аст ва дар лаҳзаи зарурӣ кӯмаки худро аз ҳамкасбон дареғ намедорад. Кори худро хеле дӯст медорад. Тими тифоқи ТҶҶ "Афиф" -ро оилаи худ мешуморад. Худ меҳрубон аст, дар дигарон низ меҳрубонӣ ва эътимоднокиро қадр мекунад. Ба ақидаи ӯ, дурӯягӣ ва қаллобӣ хислатҳои бадтарини инсонӣ мебошанд. Барои ӯ оила бебаҳотарин сарват дар зиндагӣ аст. Вай бо ҳамсар, писар ва духтарчаи зебо, инчунин бо волидонаш, ки онҳоро сабабгори хушбахтии худ меҳисобад, зиндагӣ мекунад. Муҳаббат ва дастгирии оила ба ӯ дар ҳама ҳолатҳо нерӯ мебахшанд. Азамат дар интихоби шуғли дӯстдошта бо дигар мардони ташкилот ҳамфикр аст. Ӯ низ футболро дӯст медорад. Орзу дорад, ки ҳамроҳи волидонаш ба зиёрати Каъба равад. |
![]() Набиева Оксана | Муҳосиб
Оксана чор фарзандро тарбия намуда, кӯшиш мекунад, ки бо меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва муҳаббат онҳоро фаро гирад. Дар оила ва бо кӯдакони худ муносибатҳои эътимоднок ва ҳамдигарфаҳмӣ дорад. Барои фарзандони худ, ӯ на танҳо модар, вале дӯст ҳам мебошад. Оксана шиноварӣ ва велосипедравониро дӯст медорад, хусусан, вақте ки ҳамаи аҳли оила иштирок менамоянд. |
Ҳакимов Шоди | Ҳамоҳангсози Намояндагии Афиф дар вилояти Хатлон/ Ҳамоҳангсози лоиҳаи USAID ETICA дар вилояти Хатлон
Ӯ оиладор буда, падари 5 фарзандони хуб мебошад. Шодӣ кӯшиш мекунад, ки имони некро, ба пирон эҳтиром гузоштан ва меҳнатдӯстиро дар фарзандони худ тарбия намояд. |
![]() Алимова Қурбонгул | Мутахассиси лоиҳа
Қурбонгул ба ҳамаи фарзандон ва набераҳои худ хислатҳои хуби худро тарбия намудааст. Қурбонгул сафар карданро дӯст медорад ва орзу дорад, ки ба Италия сафар кунад, чунки барои ӯ рӯҳан мувофиқ аст. |
![]() Тешабоева Маликахон | Корманди иҷтимоӣ
|
Боев Алишер
| Корманди иҷтимоӣ Шиори ӯ: "Бо андешаи нек сӯи ҳадафҳои олӣ!" Алишер меҳрубон ва меҳнатдӯст аст. Бо осонӣ бо одамоне, ки ба ҳолати душвори зиндагӣ афтодаанд, сӯҳбат меорояд ва онҳоро бовр мекунонад, ки ҳаёташонро ба куллӣ беҳтар карда метавонанд. Ростқавлӣ ва дақиқкориаш ба ӯ дар тарбияи кормандони аутрич кӯмак мерасонад. Алишер дӯстони зиёд дорад ва инҳо, пеш аз ҳама, кормандони ташкилот мебошанд, ки Алишер дар лаҳзаҳои душвор ба онҳо муроҷиат мекунад. Дар навбати худ, ҳамкорон ҳамеша метавонанд ба дастгирии Алишер умед банданд. Алишер соҳиби оилаи хуб аст. Бо ҳамсараш писари солеҳеро ба воя мерасонанд. Саломатӣ ва некӯаҳволии оила барои Алишер арзиши асосии ҳаёт аст. Хушбахтиаш низ аз ин вобаста аст. Алишер чунин орзу дорад: Бунёди гармхона бо боғи лимӯ ва таъмини бозори дохилии кишвар бо ин меваи давобахш. |
![]() | USD | 11.32 | TJS | ![]() |
![]() | EUR | 13.50 | TJS | ![]() |
![]() | RUB | 0.15 | TJS | ![]() |