№ | Л О И Ҳ А Ҳ О |
1 | Лоиҳаи "Пешгирӣ ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ (LON)" Мақсад: Сафарбаркунии захираҳо ва мустаҳкам намудани иқтидори бахшҳои пенитенсиарӣ ва шаҳрвандии нигоҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такшкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҷиҳати татбиқи системаи устувори бармаҳал ошкор намудани бемории сил, табобати саривақтӣ ва дастгирии пайравии табобати сил, сили мутобиқгашта ва Сил / ВНМО дар байни маҳбусон ва маҳбусон дар давраи озодшавӣ бо бемории сил. Вазифаҳо: 1. Пурзӯр намудани ҳамкорӣ ва якҷоягии шабака байни хадамоти тиббии системаи пенитенсиарӣ, хадамоти давлатии мубориза бар зидди бемории сил, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ оид ба татбиқи чорабиниҳои муштарак оид ба назорати вазъи бемории сил ва ташхиси барвақтии бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ, расонидани кӯмаки доимӣ ва ба натиҷа нигаронидашуда, ва дастгирии маҳбусон ва маҳбусони собиқ дар табобати бемории сил, сили мутобиқгашта ва Сил/ВНМО; 2. Рушди иқтидори кормандони тибб ва ғайритиббии муассисаҳои ислоҳӣ, мутахассисони шаҳрвандии бемории сил, кормандони саҳроӣ ва кормандони иҷтимоии ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар гузаронидани омӯзиш, мунтазам гузаронидани пурсиш оиди бемории сил, ташхис ва ташаббуси табобати саривақтии бемории сил; 3. Ташкили ҳамкориҳои дарозмуддат байни маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ, хадамоти давлатии мубориза бар зидди бемории сил ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи таълими муштараки маҳбусони ба наздикӣ маҳкумшуда ва кормандони ғайритиббии муассисаҳои ислоҳӣ оид ба масъалаҳои бемории сил, пешниҳод намудани машваратҳои инфиродӣ ва машваратҳои "баробар ба баробар", пешгирии бемории сил ва таъмин кардани баробарии гендерӣ ва иҷтимоӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва берун аз он. Маблағгузор: Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Давраи иҷроиши: аз 15 январи соли 2020 то 15 ноябри соли 2025 |
2 | Лоиҳаи "Барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA)" Мақсад: Паст кардани фишори бемории сил дар Осиёи Марказӣ тавассути бунёди зарфияти маҳаллӣ ва минтақавӣ ҷиҳати беҳтар кардани ташхис ва табобати бемории сили ба дору устувор (DR-TB) Вазифаҳо: 1.Беҳтар намудани ташхиси бемории сил ва бемории сили ба дору устувор; 2.Баланд бардоштани самаранокии табобати бемории сил ва ҳамаи намуди бемории сили ба дору устувор. Маблағгузор: Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Давраи иҷроиши: Аз 09 октябри соли 2019 то 07 июни соли 2024. |
3 | Лоиҳаи «Тақвияти хадамоти тавонбахшӣ дар системаи тандурустӣ» Мақсадҳои лоиҳа: Хизматрасониҳои маҷмӯии мустақар/системаҳо тавассути муносибатҳои шарикӣва ҳамкориҳо бо ҷонибҳои манфиатдор коркардшуда. Тавсеаи дастрасӣба хизматрасониҳои сифатноки тавонбахшӣ, аз ҷумла ба технологияҳои ёрирасон/ассистивӣбарои зиндамондагони муноқишаҳо, инчунин дигар шахсони ниёзманд ба чунин хизматрасониҳо. Вазифаҳо: 1. Дастгирии таҳияи асосҳои сиёсати тавонбахшӣ бо роҳи пилотикунонии протоколҳо ва кӯмак ба ҷалби ҷонибҳои манфиатдор. 1.1.Мустаҳкамкунии иқтидори кадрии тавонбахшӣ бо роҳи дастгирии ислоҳоти омӯзиш дар Украина ва Тоҷикистон. 2. Таъсиси талабот ба хизматрасониҳои тавонбахшӣ. 2.1.Таъсиси шабакаҳои бозирсол ба хадамотҳои тавонбахшӣ/технологияҳои ёрирасон/ассистивӣ. Маблағгузор: Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқии USAID Давраи иҷроиши: Аз 1 октябр 2019 с. то 30 июн 2022 с. |
4 | Лоиҳаи «Пурзӯркунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ ва табобатӣ барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мақсад: Беҳтар кардани ташхиси ВНМО, дарёфти сироятёфтагони ВНМО ва беморони сил, инчунин фарогирии бештари шахсони истеъмолкунандагони маводи мухаддири тазриқӣ (ШИМТ) бо табобати зиддиретровирусӣ бо истифодаи роҳу усулҳои ҷадид. Вазифаҳо: • Зиёд кардани ташхиси ВНМО ва дарёфти сироятёфтагони ВНМО дар байни ШИМТ. • Афзоиши фарогирии ҳамаи шахсони сироятёфтаи ВНМО бо табобати зиддиретровирусӣ дар асоси "Аз ташхис гузар, Табобат намо". • Беҳтар кардани дастрасӣ ба барномаҳои пешгирикунанда – барномаи кам кардни зарар, мубодилаи сӯзандоруҳо ва барномаи пешниҳоди хизматрасониҳои пастостона. • Паҳн кардани маводи иттилоотии мувофиқшуда оид ба пешгирии ВНМО ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар байни ШИМТ, ки дар доираи лоиҳа бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд. • Расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба ШИМТ /ШВЗ (шахсони бо ВНМО зиндагикунанда) • Зиёд кардани дарёфти бемории сил дар байни гуруҳҳои асосӣ ва осебпазири аҳолӣ. Маблағгузор: Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Давраи иҷроиш: Аз 01 марти соли 2021 то 31 августи соли 2022. |
![]() | USD | 11.32 | TJS | ![]() |
![]() | EUR | 13.50 | TJS | ![]() |
![]() | RUB | 0.15 | TJS | ![]() |