Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Вохӯриҳои корӣ оид ба муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти ҳуҷравӣ оиди қонунгузорӣ дар бораи маводи нашъа ва нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, январ - март соли 2020

    ИЧК                            gerb                                afif

              Маълумотнома

Аз январ то марти соли 2020, дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хӯҷанд ва Хоруғ, Вохӯриҳои корӣ оид ба муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти ҳуҷравӣ оиди қонунгузорӣ дар бораи маводи нашъа ва нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегарданд. 

Чорабиниҳо аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Aфиф» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи "Дастгирии ташаббусҳо барои беҳтар намудани сиёсати миллӣ оид ба маводи мухаддир", ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон” маблағгузорӣ карда мешаванд, ташкил карда мешаванд.

Ба чорабиниҳои мазкур кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ВТ ҲИА ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи проф. Ғуломов ВТ ҲИА ҶТ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмиллалӣ даъват карда шудаанд.

Вохуриҳои корӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019-2020 гузаронида мешаванд.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

05.04.2020
USDUSD10.22TJSTJS
EUREUR11.02TJSTJS
RUBRUB0.13TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1733
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 364
    Оиди бемории сил
  • 662
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 398
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 243
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2020 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov