Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

Ассалом алейкум мехостам фахмам ки эмгузаронии сурхакон барои беморони гепатит зарар дорад ё на бемори гепатит метавонад аз эмгузаронии сурхакон гузарад. Вакцинаи гепатит в як бор гирифта бошад шахс як мох пас нагирифта бошад хангоми алока вирус мегузард ё не. Пешаки ташаккур

Воалейкум ассалом!

  1. Эмгузаронии сурхакон барои беморони гепатит зарар надорад, аммо пеш аз эмгузарони бо духтур машварат намоед, то ин ки духтур ҳолати шахсро баходиҳи намояд.
  2. Бемории гепатит наметавонад тариқи эмгузаронии сурхакон гузарад. Барои ба гепатит сироят шудан бояд тамос бо вируси гепатит ба амал ояд, на ваксинаи сурхакон.
  3. Мақсади эмгузарони ин пешгири кардани сироятшави не, балқи дар мавриди сироят шудан вирусро аз бадан дур сохтан аст, яъне шахсе, ки эмгузарони кардааст, дар у ин бемори авҷ намегирад.

Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.