Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемории сил

Салом алейкум! Як зани ҳомиладор барои гирифтани иҷозатномаи мувафақатии зист (РВП) аз муоинаи тибби гузашт. Баъди супоридани балғам табибон сахаи силшиноси ӯро гирифтори бемории сил гуфтанд. Лекин дар он зан нишонаҳои бемори тамоман дида намешавад. Оё ин тавр шуданаш мумкин аст? Агар бемории сил дошта бошад, пас чаро нишонаҳои бемори дида намешавад? Оё ба кудаки дар батнаш буда зарар дорад?

Салом алейкум.

Дар аввал гуфтан мехоҳам, ки ба табобати бе асос фарогири кардани беморон ғайри имкон мебошад. Аксариати ҳамватанони муҳоҷири мо дар вақти омода намудани ҳуҷатҳо барои ба муҳоҷират рафтанашон ё ин, ки дар муҳоҷират буданашон ин намуди бемори сил, ки нишона надорад ё ин, ки нишонаҳояш дар марҳилаи пайдошави мебошад дарёфт мешаванд. Ин намуди бемори силро сили нуқтамонанд мегуянд, ки дар шуши бемор як нуқтаи сахтгашта, ки ҳаҷмаш то 1 см мебошад.

Бо эҳтиром,

Аъзамова Шахноза


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

09.08.2020
USDUSD10.31TJSTJS
EUREUR12.20TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1770
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 396
    Оиди бемории сил
  • 662
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 398
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 283
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2020 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov