Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

ТАЪМИНИ ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ДУШАНБЕ БО МАВОДҲОИ МУҲОФИЗАТИИ ШАХСӢ ВА МАҲЛУЛҲОИ БЕЗАРАРКУНАНДА, ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «ДАСТГИРӢ ДАР ШАРОИТИ ПАҲНШАВИИ COVID-19»

logo spirit america afif

 

Таъмини фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе бо маводҳои муҳофизатии шахсӣ ва маҳлулҳои безараркунанда, дар доираи лоиҳаи «Дастгирӣ дар шароити паҳншавии COVID-19» 

8sept1 tjСанаи 8 сентябри соли 2020 ташкилоти ғайридавлатии амрикоии «Spirit of America» дар ҳамкорӣ бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» ба қисми тиббии-санитарии ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” кӯмак барои гузаронидани чорабиниҳои фаврии пешгирикунанда дар шароити паҳншавии COVID-19 пешниҳод намуданд.      

Аз ҷумла, ба қисми тиббии-санитарии фурудгоҳ супорида шуд:

  • Комплекти универсалии зиддиэпидемиологӣ – 100 адад;                             
  • Ресиркуляторҳои ултрабунафшии бактерисидӣ – 4 адад;
  • Маҳлули безараргардонӣ “Диабак” – 25 литр;
  • Ниқоби муҳофизатӣ яккарата – 1000 адад;
  • Дастпӯшакҳои нитрилии яккарата – 20 баста;
  • Ҳароратсанҷҳои фосилавии инфрасурхӣ – 8 адад;
  • Дозаторҳои дастӣ – 18 адад;
  • Ниқоби чарх (барои муҳофизати рӯй) – 115 адад.

Кӯмаки мазкур дар доираи лоиҳаи «Дастгирӣ дар шароити паҳншавии COVID-19», ки аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии амрикоии «Spirit of America» маблағгузорӣ мешавад, пешниҳод шудааст.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

30.10.2020
USDUSD10.34TJSTJS
EUREUR12.11TJSTJS
RUBRUB0.13TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1798
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 409
    Оиди бемории сил
  • 662
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 398
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 729
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 294
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2020 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov