Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Дастрасӣ дар ҳамоҳангсозии амалҳои зиддисилӣ дар вилояти Сугд

                                                                                                              usaid

 

RV-Khujand ETICA-212 августи соли 2020 дар шаҳри Хучанд вохӯрии кории шарикони шабакаи хизматрасони дар вилояти Сугд баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад.

Дар вохӯрии корӣ 31 намояндаи Раёсати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии макомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Сугд, Марказҳои ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, шӯъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд, шӯъбаи кӯмак ва ҳифзи иҷтимоӣ, раёсати Ҳадамоти муҳочирати Вазорати меҳнат, мухоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Сугд, Маркази солимии репродуктиви дар вилояти Сугд, КАТС ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Сугд иштирок карданд.

Дар рафти вохӯрии корӣ иштирокчиён оид ба масалаҳои мустаҳкам намудани ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар байни сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ оиди пешгирӣ ва назорати бемории сил дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва гурӯҳҳои осебпазир. Инчунин иштирокчиён якҷоя роҳҳои эҳтимолии бартараф намудани монеаҳо ва коҳиш додани тамғагузорӣ ва табъизро дар табобати сил дар байни гурӯҳҳои осёбпазир баррасӣ карданд.

Маълумотнома: Мақсади лоиҳаи «USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ» ин паст кардани маҳдудиятҳои бемории сил дар Осиёи Марказӣ тавассути устувор намудани иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар муайян намудани ва табобати бемории сил дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва инчунин дар байни шахсоне, ки махсусан аз ин беморӣ зарар дидаанд, мебошад.

Лоиҳаи мазкур дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд амалӣ мегардад: шаҳрҳои Данғара, Норак, Панҷакент, Хуҷанд, Исфара и ноҳияҳои Темурмалик, Ҷоми, Ашт, Матчоҳ, Бобочон Ғафуров, Спитамен и Ҷабор Расулов.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.