Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Дастгирии шахсоне бо ВНМО зиндагикунанда дар давраи пандемияи сирояти коронавирус (COVID-19)

   UNAIDS logo RU 1                   gerb                   afif

 

                 Маълумотнома

 

UNAIDS 3Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” маълумот медиҳад, ки бо сабаби пандемияи сирояти коронавирус (COVID-19) ва зарурати таъмини мунтазами кор оид ба пешгирӣ ва табобати ВНМО дар байни шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар доираи амалинамоии ЮНЭЙДС Барномаи кӯмаки техникӣ оид ба пешгирӣ ва назорати ВНМО/БПНМ ва дигар бемориҳои сирояткунанда дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Ҳукумати Федератсияи Руссия, ҳайати кормандони саҳроӣ иборат аз 13 нафар барои дастгирии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва Кӯлоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шуд.

 

UNAIDS PR-5Вазифаи асосии гурӯҳи кормандони саҳроӣ дар якҷоягӣ бо Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО кӯмак расонидан ба таъминоти доруҳои зиддиретровирусӣ барои 3-моҳ, риояи чораҳои эҳтиётии стандартӣ ва худмуҳофизатӣ, ташаббус ва пайравӣ ба терапия, расонидани кӯмаки равонӣ ва машваратҳои баробар тавассути онлайн шабакаҳои иҷтимоӣ, алоқа бо видео ва аудио бо 650 шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, мебошад.

 

 

UNAIDS-TR rus

Санаи 27 майи соли 2020 гурӯҳи кормандони саҳроӣ дар тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ», тавассути алоқаи интернет, ки аз ҷониби ТҶҶ “Афиф” бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кард, иштирок карданд. Дар давраи тренинг масъалаҳои ҳифзи шахсии гурӯҳи кормандони саҳроӣ ва чораҳои эҳтиётии асосӣ, ки шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва гурӯҳҳои осебпазир бояд барои пешгирии сирояти коронавирус COVID-19 риоя кунанд, дида баромада шуданд.

 

UNAIDS 6

Дар баробари ин, гурӯҳи кормандони саҳроӣ бо воситаҳои алоқа, муҳофизати шахсӣ ва маводҳои безараркунанда таъмин карда шуданд.

Инчунин, шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, ки пайравӣ ба ТЗР мебошанд, бо маводҳои безараркунанда ва ғизо таъмин карда мешаванд.

 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

09.08.2020
USDUSD10.31TJSTJS
EUREUR12.20TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1770
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 396
    Оиди бемории сил
  • 662
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 398
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 283
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2020 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov