Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    logocmedtj              gerb                 afif

 

fotoconf1tjРузи 22 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣоиди “Вазъ ва дурнамои рушди тибби оилавӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бахшида ба 20 – солагии татбиқи тибби оилавӣдар мамлакат, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣзиёд аз 200 нафар намояндагони Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти тандурустӣ, ташкилотҳои таълимӣва ҷамъиятӣ, кормандони институтҳои тадқиқоти ва роҳбарону кормандони муассисаҳои тиббӣиштирок карданд. Дар платформаи ин конфронс комёбиҳои асосӣва мушкилҳо дар рушди тибби оилавӣдар Тоҷикистон муҳокима карда шуданд, инчунин қадамҳои минбаъдаи рушд муайян карда шуданд. Дар ҷараёни конфронс маълумот оидӣтаҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар пешниҳод карда шуд, ҷаласаҳои ташреҳи маит дар самтхои афзалиятноки “Нақшаи стратегии рушди КАТС (Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ) тибқи принсипи тибби оилавӣбарои давраи 2016 – 2022 сс.” ташкил карда шуданд.

fotoconf3tjКӯмаки аввалияи тиббию санитарӣҷузъи таркибии системаи кӯмаки тиббӣбуда, чораҳои пешгирӣ, ташхис, табобат, тавонбахшии тиббӣ, назорати рафти ҳомиладорӣва ташакккули тарзи ҳаёти солим барои маърифати тандурусти дар бар мегирад. Таъмини кӯмаки аввалияи тиббию санитарии дастрас ва босифат бояд дар ташаккули системаи тандурусти афзалият бошад.

Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён масъалаҳои марбут бо мушкилотҳои тибби оилавӣ ва дурнамои рушд он, аз ҷумла мушкилот ва пешгирии ВНМО/БПНМ, сил, фарбеҳӣ ва тарзи ҳаёти номатлубро баррасӣ карданд.

fotoconf2tjТҶҶ“Афиф” дар мавзӯи “Таҷриба дар ҳамкори байни ташкилотҳои чамъияти ва муассисаҳои тандурустӣ дар пешгирии сирояти ВНМО ва сил дар Ҷумхурии Тоҷикистон” баромад кард, ва таҷрибаи ҳамкории байни ташкилотҳои ҷамъияти ва муассисаҳои тандурустӣ дар пешгирии сирояти ВНМО ва сил дар Ҷумхурии Тоҷикистон мубодила намуд.

Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

15.12.2019
USDUSD9.68TJSTJS
EUREUR10.82TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1705
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 364
    Оиди бемории сил
  • 662
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 398
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 241
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2019 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov