Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Маълумот дар бораи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон

Маълумот дар бораи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон

f4tjСафорати ИМА якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, чорабиниро, ки ба пешниҳоди дастовардҳои Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушд (USAID) оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва лоиҳаи «Мубориза бо бемории сил» дар панҷ соли охир дар Тоҷикистон равона шудааст, ташкил намуд. Чорабинӣ ба саҳми Ҳукумати ИМА дар паст кардани шумораи ҳолатҳои беморӣ ва фавт аз бемории сил дар кишвар бахшида шудааст.

Дар чорабинӣ иҷрокунандаи Директори USAID дар Тоҷикистон, муовини Вазири тандурустӣ, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар соҳаи тандурустӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, табибон ва собиқ беморони сил аз ҳама шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

f1tjБарномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва лоиҳаи «Мубориза бо бемории сил» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқи Барномаи миллии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил дар Тоҷикистонро тавассути расонидани хизматрасониҳои самарабахш ва дастраси пешгирикунанда, ташхисӣ ва табобати бемории силро дастгирӣ намуданд. Мақсади асосии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил бо буҷаи умумии 13,2 миллион доллари ИМА ва лоиҳаи «Мубориза бо бемории сил» бо буҷаи $ 3.1 милион доллари ИМА ин паст кардани сатҳи бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи ин беморӣ дар Тоҷикистон мебошад.

f3tjДар тӯли панҷ соли охир барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва лоиҳаи «Мубориза бо бемории сил» беш аз 860 000 нафар аҳолӣ дар бораи бемории сил маълумот гирифтанд, кормандони тиббӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро бо усулҳои нави пешгирии бемории сил ва табобат дар асоси талаботҳои беморон омӯзонданд. Ҳамчун як қисми ин барномаҳо ташкили феҳристи электронии беморони сил аст, ки ин воситаи самаранок барои кормандон ва роҳбарони соҳаи тандурустӣ мебошад, ки ҳоло метавонанд маълумоти дақиқро барои мониторинг, арзёбӣ ва беҳтар кардани хизматрасонии пешгирӣва табобати бемориҳои сил дар Тоҷикистон дастрас намоянд. Дар доираи ин барномаҳо тақрибан 3,500 кормандони тиббӣ омӯзонида шуданд

f2tjТашкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» дар доираи барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил натиҷаҳои лоиҳаи худро дар Системаи иҷрои ҷазои ҷиноят пешниҳод намуд. Лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии маҳкумшудагон дар бораи бемории сил; беҳтар намудани дастрасии маҳбусон ба ташхис ва табобати бемории сил; баланд бардоштани иқтидори кормандони тиббӣ ва ғайри тиббии муассисаҳои ислоҳотӣ; пешниҳоди хизматрасониҳои кӯмаки иҷтимоӣ барои беморони сил дар давраи гузариш; дастгирии ҳамоҳангсозӣ ва ҳамбастагии Системаи иҷрои ҷазои ҷиноят бо Барномаи миллии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ равона шуда буд.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

15.12.2019
USDUSD9.68TJSTJS
EUREUR10.82TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1705
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 364
    Оиди бемории сил
  • 662
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 398
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 241
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2019 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov