Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Кормандони Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» дар Маҷлиси умумӣ қадамҳои минбаъда ва роҳҳои рушди ташкилотро муҳокима намуданд

Ҳар сол, мувофиқи анъанаи бисёрсола, Маҷлиси умумии Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Aфиф» бо иштироки аъзоёни ташкилот ва аъзоёни Раёсат, берун аз шаҳр, баргузор мегардад. Ин сол низ ташкилот тасмим гирифт, ки анъанаро тағйир надиҳад ва Маҷлиси умумиро дар дараи зебои ноҳияи Варзоб гузаронад.

1otdihtj      2otdihtj

Дар рӯзномаи Маҷлиси умумӣ дида баромадани татбиқи Нақшаи стратегӣ барои солҳои 2017-2019 ва муҳокимаи хусусиятҳои рушди ташкилот дар шароити муосир ба миён гузошта шуда буд.

3otdihtj     

Дар ҷамъомад ба ҳайати кормандон ва аъзоёни ташкилот натиҷаҳо оиди татбиқи стратегия дар доираи лоиҳаҳои анҷом ва давом ёфта истода, дар давоми се соли охир, пешниҳод шуданд. Ҳамчунин, дар доираи фаъолияти ташкилот ҳисоботи муфассал оиди амалиётҳои молиявии ташкилот - сарчашмаҳои пайдоиш ва самтҳои хароҷоти маблағҳо пешниҳод шуданд. Аъзоёни Маҷлиси умумӣ масъалаҳои рушди минбаъда ва равиши муайяни корро, ки дар Стратегияи ташкилот барои солҳои 2020-2022 дохил карда мешаванд, муҳокима намуданд.    

Гузаронидани Маҷлиси умумӣ дар табиат ин якҷоя намудани кор ва истироҳат мебошад, зеро ташкили истироҳати хушсифати кормандон муваффақияти кори ҳар як ташкилот мебошад. Аз ин рӯ, пас аз кори самаранок, кормандони ташкилот бо ҳамроҳии дӯстон ва кӯдакон имконият пайдо карданд, ки аз сабзиши гиёҳҳо ва зебогии гулҳо, оби чашма, сабзавоти тару тоза, лаззати хӯрок, ки дар оташ тайёр шудааст, ҳаловат баранд. Сафари якҷоя ба табиат ба кормандони ташкилот барои муттаҳидшавӣ ва фаъол будан дар давоми сол кӯмак мерасонад!

   

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

21.08.2019
USDUSD9.70TJSTJS
EUREUR10.74TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS

Меҳдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1674
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 364
    Оиди бемории сил
  • 660
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 392
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 233
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2019 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov